Субҳи барвақт 06.09.2011 бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони марказии шаҳр бо шиору овезаҳо, байрақу парчамҳо, паноҳои идона оро дода шуда, дар як гӯшаи майдон дастовардҳои корхонаю муассисаҳо дар тӯли 20-соли Истиқлолият ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намадмолию пашмресӣ, сӯзанию гулдӯзӣ, дӯконҳои зардӯзию симдӯзӣ, ки нишон аз санъату ҳунарҳои бою ғании мардуми кӯҳанбунёд аст, оро дода шуда буданд.

 

Аз пагоҳирӯзӣ тариқи радиои маҳаллӣ табрикоти роҳбарони ташкилотҳо ба аҳолии шаҳр пахш гардида, хонандагони мактабҳои миёна дар васфи Ватану Истиқлолият шеърҳо қироат намуданд.

 

Тамоми кормандони корхонаю муассисаҳо дар роҳи марказӣ бо шиору овезаҳо, Парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расми Қаҳрамонҳою муқаддасоти миллӣ ва гулу гулдастаҳо баҳри гузаштани паради идона ҷамъ омаданд.

 

Чорабиниҳои идона аз қабули меҳмонони гиромӣ-вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоир-Низом Қосим, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳикимияти давлатии вилояти Хатлон-Шарифова Фирӯза, раиси Ширкати холдингию саҳҳомии «Барқи тоҷик» Ёров Абдулло Ёрович дар саҳни мақомот оғоз ёфтанд. Меҳмонон бо роҳбарони корхонаю муассисаҳо аз намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳо дидан намуда, баъд ба минбари идона баромаданд. Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, раиси шаҳр ва меҳмонон мардуми шаҳрро бо ҷашни фирӯз муборакбод намуданд.

 

Сипас паради идонаи меҳнаткашон ва кормандони корхонаю муассисаҳо бо гузаштани собиқадорони ҷангу меҳнат ибтидо ёфта, бо навбат тамоми кормандони корхонаю муассисаҳо бо рақсу бозӣ, варзишгарон ба намоишҳои беҳтарини варзишӣ ва дар анҷом 100 нафар ҷавонони ҳамсоли Истиқлол аз назди минбар гузаштанд.

 

Баъдан намоиши театрикунонидашудаи бахши фарҳанг ба меҳмонон ва аҳолии шаҳр пешкаш гардонида шуд.

 

Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар назди майдон ярмаркаи фурӯши сабзавоту меваҷотро омода намуда, пешкаши мардуми шаҳр намуданд.

 

Ҳамчунин, идомабахши чорабиниҳои идонаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро консерти ансамбли «Ориё»-и Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳунарнамоиҳои сарояндаҳо-Тоҷиддин Қурбонов, Боғигули Саид ва дигарон дар қасри фарҳанги шаҳр гардид.

 

Тантанаҳои ҷашни Истиқлол дар шаҳри Норак дар фазои сулҳу дӯстӣ ва якдилию якдигарфаҳмӣ гузашта, ба тамоми аҳолии шаҳр ва меҳмонон писанд омаданд.