Ҷолиби қайд аст, ки шаҳри Норак дорои мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳонӣ хориҷӣ мусоидат менамояд. Табиати хос, кӯлу чашмаҳо ва оби ошомидании табобатӣ аз мавзеъҳои истироҳатӣ ҷолиби диққат буда, мавқеи махсусро дар рушди туризми кишвар ишғол намуда метавонад.

    Барои амалӣ намудани рушди соҳаи туризм дар шаҳри Норак сохтмонҳои хусусӣ дар мавзеъҳои дарёи Вахш сохта ба истифода дода шудааст, ки барои қабули меҳмонҳои дохилию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд.

    Дар шаҳр се меҳмонхонаи хусусӣ фаъолият мекунад, ки дорои 205 ҷой буда, ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ мебошад. Моҳе чор маротиба аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ба оромгоҳҳои бузургон, ки дар шаҳри Норак ҷойгиранд зиёда аз 300 нафар одамон барои зиёрат меоянд. Цисми зиёди меҳмонон аз нерӯгоҳҳои НБО–и Норак, Бойғозӣ, Обанбор дидан мекунанд.

    Барои ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва ба нақшагирӣ дар самти туризм дар шаҳри Норак аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаистодааст.

    Дар мавзеи «Дараи Пехо» истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдаконаи «Офтобак» фаъолият мекунад, ки зиёда аз 450 нафар хонандагонро дар мавсими тобистон фаро мегарад.

    Барои шароити хуби алоқа фароҳам овардан ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шабакаҳои мобилии «Вавилон», «МЛТ», «Индиго», «ТК мобайл», «Билайн» ва «Тоҷиктелеком» фаъолият доранд. Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ китобчаҳои таърихӣ ба роҳ монда шуд.

    Дар шаҳр як варзишгоҳ дорои 1500 ҷойи нишаст, 15 майдони баскетбол, 26 майдони волейбол, 1 майдони тӯби дастӣ, 11 майдончаҳои футбол, 1 ҳавзи шиноварӣ, 7 толори варзишӣ мавҷуд мебошад.

    Инчунин мувофиқи хатсайри сайёҳии шаҳр ба сайёҳон меҳмохона, китобхонаи марказӣ, осорхона, тарабхона, боғи марказии шаҳр ва фурӯдгоҳ шинос карда мешавад.

    Баҳри рушди туризм дар шаҳри Норак дар Обанбор хонаҳои болои об (пантон) сохта шудааст. Оиди фароҳам овардани шароити рушди туризм дар соҳили дарёи Вахш чойхонаи замонавӣ дорои 200 ҷойи нишаст сохта шудаистодааст.

    Бо мақсади ба минтақаи туризми истироҳатӣ дохил намудани шаҳри Норак ба мақомотҳои дахлдорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 21 августи соли 2009, таҳти №764 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2009, таҳти №605 муроҷиат намуда, барномаи мукаммали «Рушди туризми истироҳатӣ барои солҳои 2010–2014» пешниҳод намудааст.