Бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии муқовимат бо эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният толори сохтори госпиталӣ идона оро дода шуда, санаи 1 декабр конференсия таҳти унвони «Як ҷаҳон-як умед» гузаронида шуд. Дар конференсия аз ҷониби мутахассисон баромадҳо қироат гардида, бо иштирокчиён  саволу ҷавоб доир гардид.

 

Аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг барномаи рангини консертӣ ба ҳозирон пешкаш гардид.