Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба шумор рафта, барои пешбурд ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 1256 гектар кишти зироатҳоро гузаронидаанд, ки аз майдонҳои киштшуда 954 гектарашро зироатҳои ғалладонагӣ, 70 гектар картошка, 80 гектар сабзавот, 25 гектар полезиҳо, 55 гектар зағир ва 72 гектарашро дигар зироатҳо ташкил медиҳанд. Баҳри рушди соҳаи боғу токпарварӣ, афзун намудани истеҳсоли мева тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар заминҳои таъиноташон кишоварзӣ 21 гектар боғ бунёд карда шуд. Дар 6 гектар маҷмааи гармхонаҳои НБО-и Норак барои кишти барвақтӣ корҳои зиёд анҷом дода, дар 4 гектар помидор ва дар ду гектар бодиринги барвақтӣ парвариш шуда истодааст, ки аз ин дам то моҳҳои июл-августи соли 2011 шаҳри Душанде бо бодирингу помидори тару тозаи Ватанӣ таъмин хоҳад шуд. Дар соли ҷорӣ 1430 тонна гандум, 55 тонна зағир, 1368 тонна сабзавот, 320 тонна картошка, 1767 тонна мева ва 390 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гандум 49 тонна, зағир 2 тонна, сабзавот 3 тонна, картошка 17 тонна, мева 20 тонна ва ангур 10 тонна зиёд мебошад.

    Соҳаҳои чорводорӣ ва занбурпарварӣ дар шаҳр сол то сол тараққӣ ёфта истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 9419 сар чорвои калон, 24307 сар чорвои хурд, 632 сар асп ва 831 оилаи занбур ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз нишондиҳандаҳо бармеояд, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2010 нисбати ҳамин давраи соли гузашта чорвои калон 315 сар, чорвои хурд 626 сар ва занбури асал 18 оила зиёд гардидааст. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 784 тонна гӯшт, 1210 тонна шир, 3,4 тонна моҳӣ ва 8,7 тонна асал истеҳсол карда шудааст. Дар шаҳр аз тарафи ташкилоти «ҶАЙКА»-и Япония ба маблағи 29140 сомонӣ лоиҳаи инвеститсионии соҳаи кишоварзӣ барои тайёр намудани нӯриҳои органикӣ «КОМПОС» амалӣ шуд, ки он ба фаъолият оғоз намуд. Як адад трактор бо ядакаш аз ҳисоби ҳамин ташкилот дастрас карда шуд.

    Дар миқёси шаҳр чор хоҷагии моҳипарварӣ, хоҷагиҳои деҳқонии «Гулмоҳӣ», «Чашма» ва «Беҳрӯз» фаъолият менамоянд, ки ба истеҳҳсоли моҳӣ сару кор доранд.