Санаи 6 марти соли 2015 дар толори Қасри фарҳанг бахшида ба Рӯзи модарон бо иштироки занони собиқадор, роҳбарон ва фаъол занони корхонаю муассисаҳои шаҳр ҷамъомади таҳтанавӣ баргузор гардид.

 

Ҳозиронро сараввал раиси шаҳр бо иди фархунда табрику муборакбод гуфта, зиёда аз 67 нафар занҳои фаъоли шаҳрро бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

 

Сипас аз ҷониби омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.