МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Ҷавонон давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол

31 январи соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохўрии гурўҳи корӣ бо ҷавонони даврони Истиқлолият дар мавзўи истиқболи ҷавонон аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар вохўрӣ иштирок доштанд: Неъматзода Маликшоҳ-и.в. раиси шаҳри Норак,  Умарҷони Эмомалӣ-муовини роҳбари дастгоҳи ВКД ҶТ, Вализода Илҳом-муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон, Пираҳмад Раҷабалӣ- прокурори шаҳри Норак, Митинов Илҳом-сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Норак, Қодиров Фируз- роҳбари гурўҳи ҷавонони «Авангард» дар назди ВКД ҶТ.

 

Дар вохўрӣ масъалаҳои одобу ахлоқи ҷавонон, пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва сару либоси барои мардуми тоҷик бегона мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар охири вохўрӣ ба 40 нафар ҷавонони фаъол туҳфаҳо супорида шуд.