МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад

15 феврали соли 2020 дар тарабхонаи «Сайёд»-и шаҳри Норак чорабинии умумишаҳрӣ бахшида ба 31-солагии баровардани қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ аз хоки Афғонистон таҷлил карда шуд. Дар мулоқоти и.в. раиси шаҳр бо ҷанговарони башардўст масъалаҳои садоқат ба Ватан, тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстӣ, ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар асоси Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар охир ба як қатор иштирокчиёни чорабинӣ мукофотҳои Комиссариати ҳарбии шаҳри Норак ва туҳфаҳои мақомоти иҷроия супорида шуд.