МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Вохўрии  номзадҳо бо  интихобкунандагон

Дар шаҳри Норак омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо маром идома дорад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои Миллат ҷиҳати озоду шаффоф баргузор шудани интихобот тадбирҳои зарурӣ андешида шудаистодааст.

Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳудуди шаҳр 16 участкаи интихоботи таъсис ёфта, бо маводҳои зарурӣ таъмин гардидаанд. Рўйхати аниқи интихобкунандагон тартиб дода шуда, бюллетенҳои овоздиҳӣ пура чоп карда шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқшуда 17 феврали соли 2020 дар толори Қасри фарҳанги шаҳр вохўрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи «Данғара-36» доир гардид. Дар вохўрӣ номзадҳо Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ-сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), Зуҳуров Маҳмадислом - муовини директори НБО-и Бойғозӣ (худпешбарӣ), Кенҷазода Илҳом- сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Данғара (худпешбарӣ), Қурбонов Пулод Раҳмонович - раиси ҳизби аграрии ноҳияи Данғара (Ҳизби аграрии Тоҷикистон) баргузор гардид.

 

Ҳамчунин вохўрии номзадҳо ба вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии №10 Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Неъматзода Маликшоҳ-и.в. раиси шаҳри Норак, (ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), Ҳайдаров Музаффар- раиси Ҷамоати деҳоти Пули Сангин (худпешбарӣ), Фозилов Рустам- сармуҳандиси НБО-и Норак (худпешбарӣ) бо интихобкунандагон баргузор гардид.