МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Хизмати Модар-Ватан қарзи фарзандии ҳар шаҳрванд

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 19 феврали соли 2020 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 27-умин солгарди қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо бо ҷавонони синни даъватӣ баргузор гардид. Таъкид гардид, ки ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ дар пешрафт ва шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошад. Хизмат дар сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавони бору номуси Ватан ифтихори бузург аст. Сулу суботи кишвар, хотири ҷамъи модарон, табассуми тифлонро маҳз ҷавонони содиқу вафодор, ватандӯсту ватанпарвар ҳифз мекунад. 

 

Як гуруҳ ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмат рафтани худро иброз дошта аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки якҷоя шумораи ихтиёриёнро боз ҳам зиёд намуда, бо ин амал садоқати худро ба Ватан- Модар ҳамчун фарзандони баору номус нишон диҳанд.