МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Сухани рӯз «Гадо, гар дар Ватан мирад амир аст…»

 Амали ношоистаро ниёгони мо маҳкум мекарданд ва ба дузду одамкуш назари нек надоштанд, ба чунин шахсон бо нафрат нигоҳ мекарданд, лекин имрӯз ҷавононе пайдо мешаванд, ки анъанаҳои некӣ инсондӯстӣ, некрафторӣ, некандеширо пеши по зада ба гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ тадқиқи худро мепайванданд. Онҳо дониста ё надониста ба ташкилотҳои ифротгаро ҳамроҳ мешаванд ва дигар аз ҳамлақаи он баромада наметавонанд. Ақли онҳоро гумоштагони хоҷагони хориҷӣ гирифтаанд ва аз симоӣ  инсонӣ танҳо афту башараи хунукашон мондааст бас. Бо супориши «хоҷаҳои худ» ин қабил  ҷавонон тайёранд ҳатто падару модар  ва хешу наздикони худро нобуд кунанд, барои онҳо мафҳуми Ватан – Модар вуҷуд надорад. Дар майнаи тундраву ифротгароҳо танҳо як калима куштор нақш бастааст. Бо фармони сарварони худ онҳо занону кӯдакон, пирону заифонро низ қатл мекунанд. Ҳеҷ гоҳ халтаҳои доллар ва қасру кӯшкҳо ҷойи Ватан – Модарро гирифта наметавонад:

Гадо гар дар Ватан мирад амир аст,

Амири беватан зору ҳақир аст.

Амали ношоистаи ин гурӯҳҳои тундрав моро хушдор месозад, ки нисбати ин ҳолат бетараф набошем. Аз ин сабаб дар мактабҳо ба насли навраси ба воя расида доир ба ин мавзӯъ чӣ қадар дар ҷараёни дарс ва чӣ дар соатҳои тарбиявӣ сӯҳбатҳо ташкил кунем моҳияту ҳаракату ҳизбҳои ғайриқонуниро фаҳмонем. Таъкид кунем, ки пас аз хатми мактаб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд, ба доми чунин хоҷагони авомфиреб наафтанд.

Вазифаи ҳар як падару модар бошад аз он иборат аст, ки таҳсили фарзандонашонро роҳнамоӣ ва назорат кунад, то фарзандонашон гирифтори анаҳамин хел гумроҳию нодонӣ, ки дар  дар боло зикр гардид шомил нагарданд нагарданд. Ба умеди маблағи калон ба Туркия нараванд, ки аз он ҷо ба Сурия як қадам роҳ аст.

Албатта бадкардаву бадкирдор рӯзе сазои худро мебинад, якеро мекушад, аз дасти дигаре кушта мешавад. Аз ин рӯ ҳамеша ҳаёти нек, хуррамиро бояд ҳавас кард. Одамиро танҳо кору кирдори нек номвар мекунад. Бояд ҷавонони азизи мо, ки ворисони Тоҷикистони соҳибистиқлол  мебошанд, тамоми нерую маҳорат ва малакаи хешро дар роҳи ободии диёр ва ҳукумат ба халқу Ватан сарф намоянд.

 

Сабоҳат Олимова