МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Забон донӣ ҷаҳон донӣ

Баҳри  дар сатҳи  баланд ба роҳ  мондани таълиму тарбия,ба воя расондани насли навраси худогоҳу хештаншинос, донандагони забонҳои русию англисӣ ва фанҳои табиию риёзӣ раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо  рӯзи 12 феврали соли ҷорӣ  аз рафти баргузории машғулиятҳои  омӯзгорони муассисаҳои таълимии рақамҳои 1,2,4,5,7,8,9,10,12,15,17,22,28 дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ дастур доданд, ки барои боз ҳам ба навоварию эҷодкорӣ, омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ  ва мутолиаи ҳарчи бештари китобҳои бадеӣ машғул шудани хонандагон  диққати бештаре  зоҳир  карда  шавад.