МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

«Фурӯғи субҳи доноӣ…»

 

       Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» санаи 24 майи соли ҷорӣ дар китобхонаи ба номи «Дӯстии халқҳои шаҳр» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва китобдӯстон чорабинӣ баргузор гардид.

 

Дар озмун зиёда аз 23 нафар хонандагони фаъоли китобхонаҳо иштирок намуданд. Аз ҷониби иштирокчиён номгӯи асарҳои мутолиакардашуда пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо онҳо вобаста ба асарҳои хондашуда, шарҳи мухтасари асарҳо, қаҳрамонҳои асарҳо саволу ҷавоб баргузор гардида, дар навбати худ ба маҳорату малакаи шеърхонӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он баҳогузорӣ карда шуд.

Ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки ҷиҳати омодагӣ ба даврҳои минбаъдаи озмун  тайёриҳои бештар бинанд.