МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Тарғиби тарзи ҳаёти солим

Рӯзи 4 марти соли 2020  дар толори варзишии гимназияи давлатии №1 мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба волейбол байни бонувони ташкилоту муассисаҳои шаҳр барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Норак бахшида ба  Рӯзи Модар- 8 март баргузор гардид.

Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо дар кушодашавии мусобиқа мақсади баргузории онро ҷалби ҳарчи  бештари бонувон ба варзиш, оммавигардонии варзиш ва таблиғи  тарзи ҳаёти  солим миёни бонувон арзёбӣ намуд.