МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Норак шаҳри тозаю озода

Рӯзи 4 марти соли 2020    раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо  бо коргарзанони  муассисаи давлатии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ»-и  назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  вохӯрӣ  баргузор намуд. Зимни мулоқот раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо саҳми арзандаи  коргарзанонро дар тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва роҳраву гулгаштҳои шаҳр махсусан қайд намуд.

 

Зикр гардид, ки маҳз бо кӯшишу заҳмат ва меҳнати шабонарӯзии коргарзанони шаҳри Норак   дар қатори шаҳрҳои беҳтарини тозаи   ҷумҳурӣ  ҳисобида шуда, аз ҷониби  сайёҳони хориҷию дохилӣ  баҳои  мусбӣ  гирифтааст.

 

Барои меҳнати ҳалолу софдилона 60 нафар коргарзанони идораи мазкур бо туҳфаҳо ва маблағҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  қадрдонӣ    карда шуданд.