МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Пайравони Пешво

Рӯзи 5 марти соли 2020  вохӯрии раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо бо 43 нафар  донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил  менамоянд, баргузор  гардид.  

 

Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ифтихормандии худро  барои  бо ахлоқи намунавӣ ва бо баҳои аъло таҳсил намудани донишҷӯдухтарон изҳор намуда, онҳоро барои боз ҳам  васеъ намудани  донишу ҷаҳонбинӣ, азхуд намудани технологияи муосир ва донистани якчанд забонҳои хориҷӣ талқин намуд.

 

Дар охир ба донишҷӯдухтарон туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ супорида шуд.