МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

Маълумотнома оид ба вохӯрии масъулони мақомоти иҷроия бо ҷавонон

Санаи 18 майи соли 2019 дар доираи «Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон» вохўрии масъулони маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо ҷавонони фаъоли шаҳр, аз ҷумла донишҷўёне, ки тибќи квотаҳои Президентӣ муассисаҳои олии кишварро хатм намудаанд ва айни замон таълими илм намуда истодаанд, баргузор гардид.

 

Дар вохўрӣ-муовини раиси шаҳр, муҳтарама Ҳасанзода Ш. Ҳ., мудири шуъбаи маориф-Набиев С., мудири бахши кор бо ҷавонон- Ҳусейнзода Ф. иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ ҳайати Раёсат аҳли нишастро ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуда, сипас вобаста ба саҳми ҷавонон дар бунёди ҷомеаи навин, дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон, ѓамхориҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин ќишри ҷомеа ибрози назар намуданд.

Бояд ќайд намуд, ки зимни ҳамоиш баромадкунандагон ҳамзамон вобаста ба  мавзўъҳои  мубрами  рўз, аз  ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин хатарҳои экстремизму терроризм, нашъамандӣ, таќлид ба фарҳанги бегона ба амнияти кишвар суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки тамоми ќувваю ѓайрати  хешро ба омўзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ, гиромӣ доштану беолоиш  нигоҳ доштани забон, фарҳанг, ҳимояи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ равона созанд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ зиёда аз 10 нафар хатмкардагон тибќи квотаи Президентӣ, ки айни замон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халќ фаъолият намуда истодаанд ва дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсили илм доранд, суханронӣ карда, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Дар фарљоми ҳамоиш ба ҳозирон барномаи ҷолибу пурмазмуни фарҳангии  тараннумгари сулҳу ваҳдат, ишќу ҷавонӣ, дўстию якдилӣ намоиш дода шуд.