МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Адибон дар Норак

Рӯзи 15 марти соли 2020 дар доираи чорабиниҳои байни давлатӣ гурӯҳи адибон аз Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Норак ташриф оварданд. Меҳмононро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикисон Низом Қосим ва дигар шоирону нависандагон ҳамроҳӣ намуданд.

 

Адибон аз китобхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо» дидан намуда, бо шуъбаи соядастҳои китобхона шинос шуда, 5 китоби аҳли илму адаби Ҷумҳурии Узбакистонро бо соядаст  тақдим намуда, аз мавҷудияти шуъбаи соядастҳо ва фаъолияти босамари он дар самти ташвиқу тарғиби адабиёти ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Ҳамчунин меҳмонон аз НБО-и Норак низ дидан намуданд.