МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Ваколатҳои вакилон тасдиқ гардид!

Санаи 16 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум баргузор гардида, дар асоси ахбори раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак ваколати 40 нафар вакилон тасдиқ  карда шуд.

 

Ҳамзамон барои пешбурди фаъолияти минбаъдаи вакилон 6 комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум ва аъзои онҳо тасдиқ гардид.

 

Тибқи рӯзномаи иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум 11 масъала баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.