МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2024
Норак

Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир

Терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ,ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатхои нохуш –тахдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин,бенизомӣ, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
 
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст,яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо,ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти ЧТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамҷун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ҳуқуқбунёд ва дар ҷараёни таҳавулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисоқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».
 
Зикр намудан ба маврид аст,ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд,ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷинояти хусусияти террорисӣ ва экстремистӣ мебошад.
 
Вобасата ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке иаз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодаанд.
 
Инчунин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст,ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм,кирдорҳои экстремисти,субъектҳои муборизабаранда,масъулияти дигар сохторҳо бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.
 
Мо,ҷавонон ҳамеша ба суханони Пешвои миллат,муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, террризмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.
 
ГУЛАФШОНИ ҚОДИРӢ-коргузори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак