МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ-ВАЗИФА ВА ҚАРЗИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

Санаи 13 декабри соли 2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи шаҳр бо иштироки раиси комиссияи, муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро ва аъзоёни Комиссия ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия доир карда шуд.
 
Дар ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 2 масъала баррасӣ карда шуд.
 
1.Ҳисоботи ҷамъбасти Комиссия ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар давоми соли 2023
2.Тасдиқи нақшаи кори Комиссия ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои соли 2024
 
Аз руи масъалаи якуми ҷаласа, аъзои Комиссия-мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи шаҳр-Шулашова Ҳабиба оид ба корҳои анҷомдодашуда дар давоми соли 2023 ҳисобот доданд.
Зуҳро Ҳакимзода-Муовини раиси шаҳри Норак дар баромади худ қайд намуданд, ки мубориза бар зидди коррупсия, ошкор сохтани камбудиҳо ва муайян намудани шароиту омилҳои ба он мусоидаткунанда ин кори дастаҷамъии тамоми соҳаҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зеро ин вабои иқтисодӣ, ки дар ҳамаи самтҳои ҷамъиятӣ ба назар мерасад ва ислоҳи камбудиҳо моро ба зиндагии босаодат роҳнамо месозад.
 
Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад”.
 
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз тарафи аъзоёни Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак нақшаи кори Комиссия ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои соли 2024 тасдиқ карда шуд.