МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2025
Норак

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Дар шаҳри Норак маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
 
Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 14 декабри соли ҷорӣ бо иштироки кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кулоб маракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иқдом гирифтааст, ки чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркуниро бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иду маъракаҳо вусъат диҳад.