МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Номзади беҳтарин

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум пешбарии  номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, номзадии Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович –директори НБО-и Норак ба номи Т.Ӯлҷабоев аз ҷониби вакилон дастгирӣ гардид.

 

Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум «Дар бораи пешбарии номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Комиссияи ҳавзавии интихоботии №3-и вилояти Хатлон оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба қайд гирифтани номзад, пешниҳод гардид.