МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Истиқболи меҳмонон

Рӯзи 17 марти соли 2020 иштирокчиёни Фестивали байналмиллалиро бахшида ба ҷашни Наврӯз дар шаҳри Норак раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва ҷавонону фаъолони шаҳр бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифтанд.

 

Иштирокчиёни фестивалро роҳбарияти Кумитаи ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

 

Неъматзода Маликшо Маҳмадшо дар назди меҳмонон суханронӣ намуда, меҳмононро хуш омадед гуфта, қайд намуданд, ки чунин чорабиниҳо барои сарҷамъ намудани ҷавонони на танҳо тоҷик, балки дӯстии онҳо бо ҷавонони хориҷ бисёр муфид ва зарурист.  Ба ин васила имкон пайдо мегардад, ки ҷаҳониён аз фарҳанги миллии мо ҳарчи бештар огаҳӣ пайдо намоянд.