МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Fолибон муайян гардиданд

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Наврўзи хуҷастапай аз 4 то 19 марти соли 2020 дар шаҳри Норак мусобиқаи умумишаҳрии волейбол миёни занон баргузор гардид. Дар мусобиқа 10 даста бо шумораи 100 нафар аз ташкилоту муассисаҳои шаҳр иштирок намуда, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

 

Рўзи 19 март даври ҷамъбастии мусобиқа бо иштироки раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо баргузор ва  ғолибон муайян гардиданд. Ҷойи аввал ва шоҳҷоиза- Ҷоми раиси шаҳрро дастаи волейбозони Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т. Ўлҷабоев, ҷойи дуюмро дастаи волейболбозони гимназияи давлатии №1 ва ҷойи сеюм насиби дастаи волейболбозони бахши фарҳанги шаҳр гардид.

 

Fолибон бо ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.