МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Тантанаҳои наврузӣ дар шаҳри Норак

Рӯзи 20 марти соли ҷорӣ раиси шаҳр Неъматзода М.М дар чорабинӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз-2020 дар Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т.Улҷабоев  иштирок намуд. Ба ҳунарҳои мардумӣ, суннатҳои наврӯзӣ, ки ба  маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуда, аҳли ҷомеаи меҳнатии  неругоҳро ба ҷашни миллӣ- Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд.

 

Зимни шиносоӣ ба корҳои ободонию  кабудизоркунӣ, шинондани гулу гулбуттаҳо ва парвариши гулҳои лола дар корхона изҳорӣ қаноатмандӣ намуд.

 

Рӯзи 22 марти соли 2020 дар майдони марказии шаҳр чорабинии умумишаҳрӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Ҷамъомадагонро раиси шаҳр Неъматзода М.М, муовини аввали раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода С.С ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Мирзозода Рустам- раиси Суди вилояти Хатлон ба ҷашни миллӣ шодбош намуданд.

 

Аҳли иштирокчиён ва меҳмонон аз ҳунарҳои ба намоиш гузошта шуда дидан намуданд. Ҳунармандони шаҳр  барномаи рангини наврӯзии театрикунонидашуда  ба ҳозирин намоиш дода шуда, сурудҳои ҳунармандони мардумӣ  Зикриоллоҳ Ҳакимов ва Тобиш Ҳилолӣ идомабахшии баномаи консертӣ гардид.

 

Дар доираи чорабиниҳои Наврӯзӣ аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ба беморони яккаю танҳо, маъюбон, ятимон ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 33820 сомонӣ кӯмакҳои моддию  молӣ  расонида шуд.