МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Шаҳри Норак нақшаи даъватро дар рӯзи якум иҷро намуд

Рӯзи 1 апрели соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28 чорабинии умумишаҳрӣ оид ба сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъвати баҳорӣ баргузор  гардид.

 

Чорабиниро раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ҳусни ифтитоҳ бахшида,дар бораи қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванд барои хизмат ба Ватан-Модар сухан ронд. Қайд гардид,ки баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2020, №1466 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие,ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар шаҳри Норак корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолии шаҳр ба роҳ монда шуд. Зикр гардид,ки шумораи зиёди ҷавонон  ба Комиссариати ҳарбии шаҳр бо  ариза муроҷиат намуда, оид ба ихтиёрӣ сафарбар намуданашон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии сафарбаршавандагон 31 нафар курси ронандагӣ ва дигарон курсҳои барқчӣ ва харротиро хатм намуда,соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардиданд.

 

Сипас  кормандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро пешкаши ҳозирин гардониданд. Модарон баҳри гусели наваскарон аз рӯи анъанаҳои неки тоҷикон ба ҷавонон нон пешкаш намуда, гулдухтарон ба ҷавонон ҳамчун рамзи содоқат ба ҷавонон рӯймолчаҳо туҳфа намуданд.