Ғолибон муайян гардиданд
- Нашр шуд: 07.04.2020 02:54
Рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Норак даври сеюми вилоятии олимпиадаи «Наврасон» аз фанни таърих байни 300 нафар хонандагони синфҳои 5-6 ва 7-8-и муассисаҳои таълимии 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ба иштирокчиёни озмун барору мувафаққиятҳо орзу намуд.
Олимпиада худи ҳамон рӯз ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо ифтихорнома ва медалҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар олимпиада аз шаҳри Норак 2 нафар хонанда Асоева Дилангез аз МТМУ-и №4 сазовори ҷойи 2-юм ва Эраҷи Гулмурод аз гимназияи давлатии №1 сазовори ҷойи сеюм гардида, 1 нафар хонандаи синфи 6-и гимназия сазовори ҷойи ифтихорӣ шуданд.
![]() |
![]() |
![]() |