МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Мақсад: роҳ надодан ба сироят

Рӯзи  6 апрели  соли  2020  дар  толори  мақомоти  иҷроияи   ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Норак  ситоди  шаҳрӣ  оид  ба  пурзӯр  намудани   чораҳои  зидди эпидемикӣ  барои пешгирии  интиқол  ва  пайдоиши  сирояти  нави  коронавирус  (COVID-19)    баргузор   гардид.  Дар  маҷлис  роҳбарони   корхонаву муассисаҳо,   ҷамоатҳои  деҳот, раисони  деҳа,  кӯча ва хонаҳои баландошёна,  ходимони дин,  раисони   ҳизбҳои  сиёсӣ,  ҷамъиятҳои  дар  шаҳр фаъолиятдошта  иштирок  доштанд.

 

Ситодро  раиси  шаҳри Норак  Неъматзода Маликшо  Маҳмадшо- раиси Ситод  кушода, ҳозиринро  бо қарори  раиси шаҳр  оид  ба  пурзӯр  намудани  чораҳои   зиддиэпидемикӣ  барои  пешгирии  интиқол ва  пайдоиши сирояти  нави коронавирус  дар  шаҳр шинос  намуд.

 

Сипас  муовини  сардори  Ситоди шаҳрӣ  Қаҳҳорзода  Тағойбек-  сардухтури  беморхонаи  марказӣ  ба  сухан  баромада,  зикр  намуд, ки  барои  пешгирӣ  намудани  сирояти  коронавирус  ҳамаи   чораҳои  дахлдор  андешида   шуда  истодааст.  Ба  ҳамаи кормандони  корхонаю  муассисаҳо,  мағозаю   ошхонаҳо, аҳолӣ   баҳри   пешгирӣ  дастуру  маслиҳатҳои  муфид   дода  шуд.

 

Маркази  безараргардонӣ  муассисаҳои  томактабӣ, таълимӣ, корхонаю   муассисаҳо,  деҳот  ва  ҷойҳои  ахлотпартоиро  бо маводҳои  махсус безарар  гардонида истодаанд. Аз  буҷаи  маҳаллӣ  бо мақсади  пешгирӣ  ба муассисаҳои  тандурустӣ  76  ҳазор  сомонӣ   ҷудо гардида, ширкату  соҳибкорони  маҳаллӣ  низ  ба  ин  кори муҳиму  хайр  ёрии  моддӣ  расонида  истодаанд.