МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Эҳтиёт - ними ҳаёт

Дар  ҳар  давру  замон  баҳри   солимии  ҷомеа  давлат  даҳҳо  санадҳои   меъёрию  ҳуқуқӣ  ба  тасвиб  мерасонад, то  ки  ҷомеа  солим  бошаду  пешрафту  тараққиёти   ҷамъият таъмин гардад.   Дар  давраи  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  кишвари  маҳбубамон  дар як  муддати кӯтоҳ  ба  пешравиҳои   гӯшношунид ноил  гардид, ки  ин  ҳама  аз тинҷию  осоиштагӣ,  ваҳдату ягонагии   халқи  тоҷик  шаҳодат  медиҳад.

 

Воқеаи  фаро  гирифтани  197  давлати  ҷаҳон ба  бемории  сироятии  коронавирус  ҳамагонро  ба  ташвиш  оварда,  баҳри  пешгирии  ин сироят  ҳазорҳо  табибон  ба  муолиҷаи  беморон  шабу рӯз  заҳмат  кашида  истодаанд.

 

Тоҷикистон  аз  ҷумлаи  он  давлатҳоест,  ки   бемории   сироятии «COVID-19»  ба қайд  гирифта  нашудааст. Новобаста аз ин мутахассисони  соҳаи тандурустӣ  мунтазам  ба тариқи   васоити ахбори омма  аҳолии диёрамонро барои  пешгирӣ  ва роҳ надодан  ба  пайдошавии  ин  сироят  огоҳ намуда  истодаанд.

 

Тадбири  андешидаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  мақсади ҳифзи саломатии  хонандагон ва  донишҷӯёни  муассисаҳои таълимӣ аз пандемияи коронавирус «COVID-19» муваққатан  таътил  эълон намуданро  саривақтӣ ҳисобида,  боварии  комил дорем, ки бо риояи  гигенаи  шахсӣ, тозаю озода нигоҳ  доштани  гирду атроф худамон ва наздиконро  аз сирояти аср эмин нигоҳ медорем.

 

 Мудири  шуъбаи  рушди  иҷтимоӣ  ва  робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси шаҳри Норак                                                 

А.Исмоилзода