МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Покизагию парҳезкорӣ пешаи мост

Ҳамчун як тан аз шаҳрванди Тоҷикистон барои огоҳӣ аз рӯйдодҳои олам ҳарӯз рӯ ба рӯзномаю маҷаллаҳо меорам ва аз оинаи нилгун барномаҳои телевизиониро тамошо менамоям. Аз пешрафту тараққиёти кишвари маҳбубамон шод мешаваму аз норасигиҳо хастаҳол. Чанд муддат аст, ки вазъи ба амал омода оид ба пайдоиш ва паҳншавии касалии сироятии коронавирус дар соли 2020 кишвари дунё маро беташвиш намегузорад. Мебинам, ки чи гуна Сарвари кишварамон мо шаҳрвандонро чанд сол боз таъкид ба таъкид ба корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи самараноки замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ҳидоят менамоянд.


Аз рӯзҳои аввали пайдоиш ва паҳн шудани вабои аср-сирояти коронавирус Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешида истодааст,то ки он ба кишвари мо роҳ наёбад ва мардуми мо солиму бардам бошад. Бо ин мақсад таҳти роҳбарии Сарвари мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ созмон дода шуда, ҳама рӯз масъалаҳои таъмини бехатарии саломатии шаҳрвандон, чораҳои пешгирикунанда, таъминот ба орзуқаворию доруворӣ баррасӣ мегарданд.


Бо мақсади ҳифзи саломатии шаҳрвандон муваққатан ба таътил рухсат додани толибилмон боз як ғамхории навбатии роҳбарияти кишварамон буда, моро зарур аст, ки бо истифода аз маърифат, одоб, озодагӣ ва риояи суннатҳои баланди миллӣ худро аз ин вабои аср эмин нигоҳ дорем.


Боварӣ дорем, ки дар ягонагӣ, ҳамдилӣ, дасти мадад дароз кардан ба ҳамдигар ва покизагию парҳезкорӣ метавонем сарҷамъона ин душвориҳоро паси сар намуда, барои ободию сарсабзии хоки поки сарзамине, ки ӯро Тоҷикистон ном аст, талош намоем.

 

Мутазассиси пешбари бахши фарҳанги шаҳри Норак

Зайниддинов Азамат