МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Корҳои дезинфексионӣ ин пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии коронавирус COVID-19

Шуъбаи дезинфексионии профилактикии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  оид ба ҳолати пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии коронавирус COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаю тангкӯчаҳо, бозорҳои шаҳр, хонаҳои баландошёна, маҳаллаҳои истиқоматии ҷамоатҳои Дӯконию Пули Сангин, муассисаҳои таълимӣ, НБО-ҳои Нораку Бойғозӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр корҳои безараргардонӣ гузаронида истодааст.

 

То ба имрӯз аз тарафи шуъбаи мазкур зиёда аз  642 биною иншоотҳо дар масоҳати зиёда 162778 Мкорҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст.

 

Корҳо дар самти дезинфексионию профилактикӣ идома дорад.