МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Вазъи муътадил боиси хотирҷамъӣ нест!

Рӯзи 7 майи соли 2020 дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) баргузор гардид.

 

Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо аз натиҷаи корҳои ба сомон расонидаи гурӯҳҳои корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати бе зарурат аз хона баромадани шаҳрвандон, ба аҳолӣ дастрас намудани ниқобҳо ва дигар маводҳои зарурӣ бештар намоянд. 

 

Сипас сардухтури беморхонаи марказӣ, менеҷери Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мудири шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ оид ба вазъи мавҷуда маълумот доданд. Зикр гардид, ки айни замон вазъият дар шаҳру деҳот муътадил буда, ҳамаи чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар шаҳр андешида шуда истодааст.