МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ

Рӯзи  8  майи  соли  ҷорӣ  раиси  шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо  бахшида ба  75-солагии  Ғалаба ба  хотираи шаҳидони Ҷанги  Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар  пояи  лавҳаи ёдгории Аскари  номаълум гулчанбарг  гузошт.

 

Худи  ҳамон рӯз  ба  хонаи  иштирокчии Ҷанги  Бузурги Ватанӣ Гулов  Малах  ташриф оварда, туҳфаи мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳрро  супорида,  ӯро  ба Рӯзи Ғалаба шодбош  гуфт. Комиссари ҳарбии шаҳр ба Гулов Малах медали 75-солагӣ Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро супорида, ба ӯ тансиҳатӣ орзу намуд.