МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Ба андешаҳои кормандони Институти Осиё ва Аврупои АМИТ нисбати тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус шинос шудему ба умқи таърих ғуттавар гаштем. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон, ҳақиқатан таърихи куҳан доранд ва дар давоми ин қарнҳои зиёд ягон муаррих ёдовар нашудааст, ки тоҷик нисбати касе лашкар кашида, хунрезӣ карда бошад. Модари тоҷик танҳо олиму шоир, ватандӯсту меҳанпараст, ободгару шаҳрсозу тамаддунофар ба мисли одамушшуаро Рӯдакӣ, Сино, Ҳаким Фирдавсию Арузии Самарқандӣ, Умари Ҳайём, Абӯрайҳони Берунӣ, Камоли Хуҷандию Аҳмади Донишу садҳо шоирону нависандагони адабиёти классикии  тоҷик  ва даҳҳо  адибони муосири тоҷик, ба монанди Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигаронро ба олам овардааст.  Қаҳрамонони халқи тоҷикро ба мисли Муққанаъ, Спитамен, Темурмалик, Восеъ ва дигарҳо, ки барои озодию осоиштагию истиқлолият бо аду даст ба гиребон шуда  ҷони худро нисор карданд, то ин ки миллати тоҷик ҷовидон бимонад. Қаҳрамони Тоҷикистон Аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби бузурги худ «Тоҷикон» таърихи миллати тоҷикро гирд оварда, ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон миллати куҳанбунёди тамаддунофар ҳастанд. Қаҳрамонон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур барои соҳибдавлатӣ ҷонбозиҳо карда, қурбонии дассисабозон гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, миллатро аз нобудшавӣ ва давлатро аз завол наҷот бахшиданд, ки ин аз тарафи сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ карда шудааст. Метавонем гуфт, ки модари тоҷик садҳо ва ҳазорҳо шахсиятҳои бонангу номусро ба олами ҳастӣ овардааст, ки барои миллат хизматҳову ҷонбозиҳои зиёд кардаанд. Вале, мутаассифона имрӯзҳо шахсиятҳои курдилу нотавонбин, бадбахту хоин, зархариду палид, бенангу номусе пайдо шудаанд, ки хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро нодида мегиранд ва мехоҳанд ба номи тоҷику тоҷикистонӣ иснод биёранд. Яқин, аз дасти ин палидҳову нобакорон ба мисли Кабириву Салимпур, Аюбзодаву Истаравшанӣ, Варқӣ ва Муҳаммадиқбол (садқаи номи бузурги Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ шавад ин курбину курдил) ягон коре ба ҷуз аз иғвову шурангезӣ намеояд, вале наход модари тоҷик ҳам қодир бошад, ки ватанфурӯшу миллатфурӯш ба дунё биёрад. Ҳеҷ боварӣ нест. Шояд ин гуна ноҷавонмардон ба мисли террористону экстремистон, чуноне Пешвои миллат чандин борҳо таъкид доштанд, бемиллату бемазҳаб бошанд?! Ин палидҳо ба ягон миллату нажод табаагӣ надоранд, зеро намояндагони дигар қавму миллату халқиятҳо ва дину мазҳабҳо ба мисли инҳо миллатфурӯшу ватанфурӯш нестанд, ки бо маблағи сиёҳи аҷнабиён ва душманони миллат ба сиёҳкорӣ даст зананд. Модари тоҷик дар ягон вақту замон чунин шахсиятҳоро назода буд ва нахоҳад зоид. Модари тоҷик танҳо олиму шоир, қаҳрамони роҳи озодӣ, ҳақиқатҷӯю адолатпеша,  сулҳхоҳу сулҳҷӯ ба дунё овардааст.

 

Рости гап имрӯзҳо ба сомонаҳо ворид мешавӣ, шармат меояд, ки ин шахсиятҳо намояндагони миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ҳастанд. Бо суханҳои беҷову беасос бар зидди миллату ватани маҳбуб, модари худ шарм надошта баромад мекунанд. Вале чуноне бузургон гуфтаанд: «Ғавғои сагон кам накунад ризқи гадоро».

 

Ба ҷои камбудию нуқсони миллату ватани худро ҷустан, аз хориҷ истода шодиву сурур ва мисли шағолон лошахурӣ кардан барои ободиву сарсабзии ватан ва миллатро аз коронавирус раҳоӣ додан сарҷамъ шудан лозим меояд. Наҳзатиён даъво аз ислому мусулмонӣ доранду аз оёту ҳадису таълимоти дин фарсахҳо дуранд. Ватан ин як гӯшае аз имон аст, мегӯянд, куҷост он имони мусулмонии Кабириву Салимпур, Аюбзодаву Истаравшанӣ, Варқи ва Муҳаммадиқбол ва пайравони онҳо?! Муъмин бародари муъмин аст мегӯянд, куҷост он бародариву дӯстию некхоҳии ин бародаркӯшҳо?! Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст, маънии ҳубулватан фармудаи Пайғамбар аст, куҷост дӯст доштани Ватану миллати худ, эй ватану марзу бумфурӯшон?! Наҷотбахши миллату давлат гуфта худро дар олам муаррифӣ мекунед, куҷост ҷиҳоди Кабириву ҳаммаслакони онҳо баҳри баланд бардоштани нуфузи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон ва куҷост дастгирии шумо наҳзатиёни бенаҳзат ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар он тарафи марз бо сабаби паҳн шудани бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва маҳкам шудани роҳҳо андармон шудаанд?! Чунин саволҳо хеле зиёданд. Афсус, ки дар «команда»-и Кабирӣ меҳри Ватану миллат дар дил нест ва ба ин суолҳо ҷавоб дода ҳам наметавонанд. Зеро ин зархаридҳоро барои кӯмаку дастгирӣ ва ҳалли масъалаву проблемаҳо не, балки барои иғво ангехтану ноором кардани вазъи ҳавои кишвар, паст задани миллат ва бо ниқоби ислом, доғдор кардани дини мубини ислом ва мазҳаби беолоиши мо маблағгузорӣ мекунанд. Ғайримақсаднок истифодаи маблағҳои ҷудошуда ҷавобгарӣ дорад ва инро Кабирӣ бо лашкараш барало медонанд.

 

Имрӯзҳо дар ин вазъияти на танҳо барои Тоҷикистони азизи мо ва Ҳукумату давлати Тоҷикистон вазнин, балки тамоми кураи замин, аз ҷумла давлату ҳукуматҳои абарқудрати ҷаҳонро бемории сироятии коронавирус фаро гирифтааст, хурсандӣ карда истодаанд, ки бинед, бо гуноҳи роҳбарият COVID-19 озими Тоҷикистон гардидааст. Зиёда аз 200 давлати ҷаҳон гирифтори ин бемории сироятӣ аст, дар онҷо шумо «ҷанобон» киро гунаҳкор карданиед? Дар дигар давлатҳои ҷаҳон мардуми бонангу номусашон, ки дар дигар давлатҳо муҳоҷир  шуда рафтаанд ва дороӣ доранд,  ба халқу миллаташон чӣ молиявӣ ва чӣ маводи озуқавориву доруворӣ кӯмак карда истодаанд. Барои он ки онҳо нангу номус доранд, барои он ки онҳо миллату ватанашонро дӯст медоранд, барои он ки онҳо муҳтоҷи маблағи ифлоси бегонагон нестанд. Фарқияти Кабирӣ ва ҳамсафонаш дар он аст, ки баръакси гуфтаҳои болозикр амал карда истодаанд.

 

Тоҷикистониён  на муҳтоҷи наҳзатиёну хоинони миллатанду на ниёз ба кӯмаки онҳо доранд. Шукронаи Худованд Ҳукумати Тоҷикистон зери сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва дар ин вазъияти мураккаб тамоми давлатҳо якҷоя шуда муқобили ин беморӣ муборизаи беамон бурда истодаанд, албатта ба якдигар кумаку дастгирии башардӯстона мекунад. Чуноне Саъдии бузург мефармояд:

 

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту ки аз ғами дигарон бехабарӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

 

Имрӯз хатари ҷони инсоният дар ҷаҳон садҳо ҳазор одамонро бо ҳамдигар муттаҳид намуда, якдилу якҷон бар зидди вируси марговар муборизаи беамон бурда истодаанд. Дар Ватани маҳбуби мо низ тамоми мардуми бонангу номус дар гирди Пешвои миллат ҷамъ омада, бо як қувваи бузург ва иродаи мустаҳкам зидди ин бемории сироятии коронавирус мубориза бурда истодаанд. Табибони ватандӯстдору ҳозиқ бо вирус даст ба гиребон шуда, ба қасами ёдкардаашон содиқ монда,  худро шогирдони Синои бузург нишон дода истодаанд.

 

Ин рӯзҳо бо розигии Худованд паси сар мешаванд, чуноне мегӯянд: «Аз ноумедиҳо басе умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст». Халқи тоҷик чӣ вазниниҳоеро аз сар гузаронидааст. Бузурге фармудааст, ки ҷонсахттарин миллат миллати тоҷик аст, ки дар давоми таърих бисёр азиятҳо аз дасти душманони дохилию хориҷӣ кашидаасту аз паи нобудшавӣ қарор гирифтааст, вале андак фурсат ёфта боз аз сари нав эҳё гардидааст. Имрӯз тамоми миллату халқҳо ва давлатҳои ҷаҳон моро бо риштаҳои дӯстӣ пайваст кардааст, душманони хориҷии мо, ки қарнҳо қасди нобуд кардани миллати мо буданд,  дӯсту якдилу якҷон шудем, вале мутаассифона як гурӯҳи бадхоҳони миллат, шарм меояд онҳоро тоҷик ном гирем, аз пайи бадномию нобуд кардани миллату заволи давлати тозабунёду тозаистиқлоли мо ҳастанд. Вале мардуми Тоҷикистон дигар ба доми фиреби аҳриман ва ба дассисабозиҳои ин гурӯҳ намеафтад. Дигар мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик ба гуфтаҳои разилон, пастфитратон, бадаслон ва дунон бовар намекунанд, баръакс нафрат доранд. Тоҷики фарҳангсолор аз гуфтаҳои Саъдии Шерозӣ бархурдор аст, ки фармудааст:

 

Абр, агар оби зиндагӣ борад,

Ҳаргиз аз шохи бед бар нахурӣ.

Бо фурӯмоя рӯзгор мабар,

К-аз наи бурё шакар нахурӣ.

 

Сокинони   шаҳри  Норак                 Исмоилзода  Алимурод, Набиев  Суҳроб