МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Иқдоми накукоронаи Пешвои миллат

Дар доираи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморони мубталои сирояти нави коронавирус рӯзи 20 майи соли 2020 корвони мошинҳои пурбор иборат аз маводҳо доруворӣ, антисептикӣ, таҷҳизотҳои тиббӣ, либосҳои ҳимоявӣ, рахти хоб, инчунин маводҳои хӯрокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, биринҷу равған ва дигар маводҳои ғизоӣ вориди шаҳри Норак гардид.

 

Ин кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон ва беморони шаҳр буда, боз як иқдоми навбатии накукоронаи Сарвари давлат ба аҳолии шаҳри Норак мебошад.