МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК НЕЪМАТЗОДА МАЛИКШО МАҲМАДШО БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ҳамдиёрони азиз,

 

Моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳмату мағфират, файзу баракат ва хайру саховат ба ҳисоб рафта, ба инсон парҳезкориву қаноат ва устувориву пойдориро омӯхта, имонро комил, иродаро қавӣ ва дар вуҷуди инсон хоксориву таҳаммулро тарбия менамояд.


Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Фитрро бо шукргузорӣ аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат ҷашн мегиранд. 


Мавриди зикр аст, ки имсол бинобар сабаби ба миён омадани пандемия дар ҷаҳон вобаста ба бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) тамоми чорабиниҳои дастаҷамъона, аз ҷумла намози иди Рамазон ва идгардак бо мақсади пешгирии ин бемории сироятӣ то замони ба эътидол омадани вазъият муваққатан қатъ карда шудааст.
Имрӯз мо бояд дар якҷоягӣ аз эҳтимоли ба тарсу таҳлука афтодаи омма пешгирӣ намоем, зеро зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар буда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳсӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, мо бояд тибқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал намуда, пеш аз ҳама, гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, аз худмуолиҷа намудан ва зиёдаравиҳо даст кашем. 


Тибқи таълимоти дини мубини ислом, дар моҳи шарифи Рамазон додани садақаҳо, закот ва фитри рӯза ба нафарони эҳтиёҷманд, ятимон, маъюбон аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Яке аз амалҳои хайру савоб дастгирӣ намудани табибону беморони гирифтори бемории коронавирус маҳсуб мегардад.



Бо изҳори ниятҳои нек фарорасии иди саидро ба Шумо сокинони шарафманди шахри Норак муборак бод гуфта, саодату хушрӯзӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно менамоем.

 

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!