МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2021
Норак

Лоиҳа амалӣ мегардад

Раиси   шаҳри  Норак   Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо   аз  рафти  иҷрои  корҳои  сохтмонии  лоиҳаи   партовҳои  сахти  маишӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Дўконӣ ҳамсарҳадии деҳаи Хоҷаабдолон дидан  намуд.  Сохтмони  мазкур  дар  доираи  лоиҳаҳои  партовҳои  сахти  маишӣ  ба  маблағи  1.750  ҳазор  доллари  ИМА  амалӣ  шуда,  зиёда  аз  90%  корҳо  ба  анҷом  расонида  шудааст.  Баъди  ба  итмом  расонидани  сохтмон  партовгоҳи  марказии  шаҳр  барои   30  соли  оянда  хизмат  мерасонад.

 

Партовгоҳи  мазкур  бо  истифодаи  таҷҳизотҳои   муосири  аврупоӣ  бо  тамоми  шароити зарурӣ сохта  шуда,  дар  Тоҷикистон  бемисл  аст.