МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Истифодаи самараноки замин манфиатбахш аст

Ҷиҳати   иҷрои  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат  дар  мулоқот  бо  роҳбарону  фаъолон  ва  сокинони    вилояти  Хатлон рӯзи 30 майи соли равон  аз  ҷониби   ситоди  шаҳрии  бахши  кишоварзӣ  оид  ба  самаранок   истифода  бурдани ҳар як қитъаи  замин  дар  шаҳри Норак   чораҳои   зарурӣ  андешида  мешаванд.

 

То  имрӯз  дар  ҳама  шаклҳои  хоҷагидорӣ  бо  истифода  аз  заминҳои  корам,  байни  қаторҳои  боғу  ток,  чарогоҳҳо,  заминҳои наздиҳавлигӣ,  хоҷагиҳои  ёрирасони  шахсии  шаҳрвандон,  заминҳои  Президентӣ дар  майдони  931  гектар  гандум,  ҷав,  ҷуворимаккаи  дон, лубигиҳо, зағер,  картошка,  сабзавот  ва  полезӣ кишт  карда  шудааст.

 

Раиси  шаҳр бо  аъзои  ситоди  шаҳрӣ  ба ҳолати заминҳои    муассисаи  ислоҳии  № 3/8  ва  ҶДММ  «Боғи анор» шинос шуда, ба кишоварзон барои самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ изҳори миннатдорӣ намуд.