МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Аксияи «Худро аз беморӣ эҳтиёт намо!»

5 июни  соли  ҷорӣ дар  доираи  чорабиниҳо  бахшида  ба  Рӯзи  байналмилалии  ҳифзи  муҳити  зист  раиси  шаҳри Норак  Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо  кормандони  бахши  ҳифзи  муҳити  зистро  самимона шодбош  гуфта,  ба  онҳо  дар  корҳои  ободонию  кабудизоркунӣ  ва  ҳифзи  муҳити  зист   муваффақиятҳо  орзу намуд.

 

Дар  ин  рӯз  дар  маркази шаҳр  аз  ҷониби  кормандони  бахши  ҳифзи  муҳити  зисти  шаҳри  Норак  аксияи  «Худро  аз  беморӣ  эҳтиёт намо!»  гузаронида  шуда,  ба сокинони  шаҳр  150  адад  буклетҳои таблиғотӣ,  100 адад ниқоб,  100  адад  дастпушакҳо  ва  100  маҳлулҳои  антисептикӣ  тақсим  карда шуд.

 

Ба воситаи радиои шаҳрӣ силсилагуфторҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ, тозагии маҳал ва соҳил шунавонида шуд.