МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Баргузории ҷаласаи корӣ

Рӯзи  8 июни  соли  2020 машварати кории  раиси  шаҳр  Неъматзода  Маликшо  Маҳмадшо  баргузор  гардид.

 

Дар оғози машварат раиси шаҳр  вазъи санитарӣ- эпидемиологии шаҳрро муътадил арзёбӣ намуда, изҳори нигаронӣ намуд, ки новобаста аз он ки ҳамарӯза корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда мешавад ва ба мардум варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳо тақсим мегардад, ҳанӯз ҳам нафароне, ки бе ниқоб ба кӯча мебароянд, зиёданд.

 

Сипас таваҷҷуҳи масъулини раёсати молия ва нозироти андоз ба иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии  COVID-19  ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷалб гардид.

 

Ба бахши кишоварзӣ ва кумитаи идораи замин супориш дода шуд, ки масъалаҳои вобаста ба самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замин ва ҷалби деҳқонон ба кишти такрорӣ чораандешӣ намоянд.

 

Дар машварати корӣ инчунин масъалаҳои ободонии шаҳр, иншоотҳои ҷашнӣ, маориф ва омодагӣ ба соли нави таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифт.