МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст, чу баҳр…

Чанд рӯз пас мардуми шарафманду баномуси  Тоҷикистон яке аз санаҳои таърихи миллӣ  23-юмин солгарди Рӯзи  Ваҳдати миллӣ  ва эҳёи Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ҳамагон шоҳиди онанд,ки аз ваҳдат то ваҳдат дар Тоҷикистони азизамон чи гуна пешравиҳои назаррас ба амал омада истодааст. Сатҳи зиндагии   беҳтар гардида, садҳо иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ бунёд гардида, мардум бо як руҳияи болида аз  музаффариятҳо бо   дили гарму руҳи қавӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ машғул мебошанд. Ҳамаи ин дастовардҳои мардуми сулҳпарвару меҳнатқарини тоҷик аз роҳбарии  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

 

Бешубҳа, сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фируз моро лозим омад, ки роҳи душвору ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар намоем.

 

Тавассути  телевизиони Тоҷикистон барномаи «Хиёнат»-ро тамошо карда, наметавон бетараф  ва хомӯш буд. Ин барнома бори дигар бо далелу аснодҳои қотеъ  пардаро аз рӯи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бардошта, аз мақсадҳои нопокашон ҳамагонро огоҳ гардонид.  Вақт нишон дод, ки мақсаду мароми ин сиёҳкорони курдил чи буд. Бо мақсади аз байн бурдани фарҳангу тамаддуни ҳазорсола, урфу одат, мазҳаб ва арзишҳои олии давлату миллат Кабирӣ ва аъзоёни сиёҳдилаш  талош намудаанд, шахсиятҳои  сиёсӣ, ходимони илму фарҳанг, адабиёт ва нафароне, ки дар ҷомеа мавқеи назаррас доштанд ва барои таъриху адабиёт заҳматҳои зиёд ба харҷ дода буданд, нест кунанд ва сарзамини аҷдодиамонро таслими дигарон намуда, миллатро ба нестӣ баранд. Хиёнате аз ин  зиёдтар  оё буда  метавонад. Найрангҳою фитнаангезиҳои Кабирӣ ва хоҷагони хориҷияш  дигар касеро ба ҳайрат намеорад, зеро халқ роҳи худ ва роҳбари худро интихоб намуда, ҳеҷ гоҳ ба дасисакориҳои чунин хиёнаткорони диёр бовар намекунанд.

 

Сокини   шаҳри   Норак   Исмоилзода  Алимурод