МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум.

Санаи 24 июни соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раиси шаҳри Норак муҳтарам Неъматзода Маликшо Маҳмадшо баргузор гардид.

 

Дар кори иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Салимзода Шамсулло - мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ  иштирок намуд.

 

Тибқи рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум 3 масъала, аз ҷумла  рафти иҷрои қарори раиси  шаҳр аз 28 майи соли 2019, №197 «Дар бораи  қарори  раиси  вилояти  Хатлон  аз  10 апрели  соли 2019, №94 «Оид ба  Амри  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  6 марти соли 2019, №АП-1176 «Дар бораи  тасдиқи  Нақшаи  чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ  ва ҳунарҳои  мардумӣ», дар  бораи  тасдиқ  намудани  қарори раиси   шаҳри  Норак  аз  16 июни соли 2020, №224  «Дар  бораи  ворид намудани иловаҳо ба Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ барои соли 2020» ва оид ба тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси шаҳри Норак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Иҷлосия дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, даъвати шашум аз рӯйи масъалаҳои болозикр қарорҳои дахлдорро қабул намуда,  кори худро худи ҳамин рӯз ба охир расонид.