МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Ваҳдати миллӣ наҷотбахши истиқлоли мо

Табрикоти раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ

 

Ҳамдиёрони гиромӣ, мардуми шарифи сарбаланди Нораки азиз!

 

Тоҷикистон-Ватани бузургу ҷоноҷони мо боз аз нав ид, сурур, ҷашну тантана дорад. 27 июн дар сартосари кишвар санаи фархундаи 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ басо азизу гиромӣ аст, ҷашн гирифта мешавад.  Маҳз дар ҳамин рӯз, 27 июни соли 1997, баъди талошҳои чандинсолаи роҳбарияти кишвар, махсусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, марди некному ватанпарвар  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар  мамлакат хотима гузошта шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ аз чеҳраҳои шинохта ва аз ҷумлаи сиёсатмадорони маъруф ба шумор меравад. Таҷрибаи сулҳофарии ин марди бузург мавриди омӯзиши коршиносони ҷомеаи ҷаҳонист. Таҳаммулпазирӣ маҳаки асосии фаъолияти сиёсатмадори наҷибро ташкил менамояд.

 

Дар таърихи ҷаҳонӣ ҳеҷ сиёсатмадоре  баъди ба даст гирифтани зимоми роҳбарии давлату ҳукумат мухолифини худро авф намуда, муҳоҷирони дар ҳар гӯшаву канори дунё парешоншударо дар ватан ҷамъ наоварда. Амали ҷавонмардонаву  инсондӯстонае, ки Эмомалӣ Раҳмон самти асосии сиёсати хеш қарор додааст, обрӯву эътибори ӯро миёни хосу оми миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд гардонидааст.

 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хотимабахши ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, наҷотбахши миллату Ватани аҷдодӣ, меъмори Ваҳдати миллӣ  шинохта шудааст. Мардуми кишвар раъйи якдилона ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои беназиру пурарзиши ин марди фарзона  ӯро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат интихоб намуданд ва ин эътирофи ҳамагонӣ тавассути қонун сабт гардид.

 

Сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, бунёдкорию созандагиҳои пурвусъат аз дастовардҳои беназири  халқу кишварамон маҳсуб меёбанд. Ин ҳама ба василаи сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон насиб гардидаанд.

 

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷику Тоҷикистон хушбахтиву саодатмандиҳо ва пешрафту шукуфоиҳои зиёда насиб гардонид. Ҳамкориҳои дӯстона бо зиёда аз 200 кишвари дунё, бунёд гардидани роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, корхонаҳои бешумори истеҳсолӣ, ки ба ояндаи боз ҳам дурахшони кишвар мусоидат менамоянд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.  Бунёди нақбҳои Истиқлолу Хатлон ва Шаҳристону Шар-шар, неругоҳҳои Сангтӯдаю Роғун аз ҳамон қабил мебошанд.

 

Чорабиниҳои бузургу фарҳангӣ, ки муаррифгари тамаддуни беш аз ҳазорсолаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳониянд, маҳз бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, аз фазои амну   осоиши кишвар, тантанаи Ваҳдати миллӣ башорат медиҳанд.

 

Инак, 23 сол мешавад, ки мардуми кишвар дар шароити сулҳу оштӣ ва созгорию ризоияти комили миллӣ кору зиндагӣ доранд. Агарчӣ  мо дар ин давра тавассути Ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем, аммо ҳанӯз ин ҳама барои ба зиндагии воқеан шоиста расиданамон кам аст. Пӯшида нест, ки то ҳанӯз  душманони миллату давлатамон барои халалдор кардани амну осоиш, сулҳу вафо, бунёдкорию созандагӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз нақшаҳо тарҳрезӣ менамоянд. Мо бар хилофи нияту амалҳои онҳо, бояд ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз мадди назар дур  накарда, барои ҳифзи самараҳои ваҳдати миллӣ,  амнияти давлату миллат саъю талош дошта бошем.

 

Имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки ҳамин дастоварди бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда,  дар ин ҷода ба комёбиҳои боз  ҳам хубтар ноил гардем.Ва азму  ғайрат ва неруи худро баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар созем.

 

Рӯзи Ваҳдати миллӣ, иди ягонагӣ муборак, ҳамватанони азиз!