МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Аёдати собиқадорони меҳнат

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ  26 июни соли 2020  раиси  шаҳри  Норак  Неъматзода  Маликшо Маҳмадшо  ба аёдати собиқадорони меҳнат Фатҳуллоев Маҳмадшариф, Раҳимов Сафар, Маҳмадиев Музаффар  рафта, ба онҳо  кӯмакҳои моддию  молиявӣ расонид. Чунин иқдомҳои наҷибона аз ҷониби роҳбарони корхонаю муассисаҳои шаҳр низ дастгирӣ ёфта, ба ниёзмандону маъюбон ёрии беѓаразонаи моддӣ расонида шуда истодааст.