МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Рушди бахши сайёҳии шаҳри Норак бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ барраси гардид.

Рӯзи 27 июн дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Норак семинар машварат дар мавзуъи «Вахдати миллӣ омили рушди соҳаи сайёҳи » дар ҳамкори бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ташкилу баргузор гардид. Дар кори ин чорабини Раиси Кумитаи рушди сайёҳи Ширин Амонзода ширкат намуд.


Дар рафти семинар-машварат иброз гардид, ки бо дарназарадошти имконоти зиёди рушди сайёҳи, ояндаи наздик шаҳри нурофарон Норак метавонад ба яке аз макони дӯстдоштаи сайёҳони дохилу хориҷи мубаддал гардад.

 

Дар натиҷа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди соҳаи сайёҳи дар шаҳри Норак, аз ҷумла рушди инфрасохтор, баланд бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ, омода намудани мутахассисони сатҳи баланд ва ташвиқу тарғиби мавзеъҳои сайёҳи шаҳри Норак ҳамкории судмандро ба роҳ мемонанд.