МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

ФАРҲАНГ ҶАВҲАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

Дар доираи нақшаи корӣ 30 июни соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр вохӯрии раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо бо кормандони соҳаи фарҳанги шаҳр баргузор гардид.


Раиси шаҳр аз фаъолияти бахш натиҷагирӣ карда, изҳор доштанд, ки кормандони фарҳангро зарур аст, ки озмунҳои ҷумҳуриявии " Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Тоҷикистон-Ватани азизи ман"-ро бо ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони касбу кори гуногун гузаронида, шавқу завқи онҳоро ба мутолиаи китоб ва фарҳанги мусиқии тоҷик боз ҳам зиёд намояд.


Дар охир вохӯрӣ раиси шаҳр ба саволу дархостҳои кормандони бахши фарҳанг посух доданд.