МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Хиёнаткорон ватану миллат надоранд

Рӯзи   1  июли  соли  2020  дар  толори  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Норак   конференсияи   илмию  амалӣ зери  унвони  «Ифшои  розҳои  нуҳуфтаи  наҳзат  дар  филми   ҳуҷҷатии  «Хиёнат»  бо иштироки  фаъолони  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  баргузор  гардид.

 

Чорабиниро раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар назди ҳозирин дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ҷавшани истиқлоли мо» суханронӣ карда, иброз дошт: «Маҳз ваҳдати миллӣ истиқлоли моро наҷот дода, барои оғози раванди воқеии давлатсозии давлати навини  Тоҷикон баъди садсолаҳои бедавлатӣ зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат, эъмори ҳамин ваҳдати миллӣ фазои мусоид фароҳам овард.»

 

Дар муҳокимарониҳо, аз ҷумла як нафар собиқ аъзои ҲНИ  фикру мулоҳизаҳои худро оид ба филми «Хиёнат» баён карда,  чун шоҳиди фаъолиятҳои бадхоҳонаи ҲНИ  табодули афкор намуд.

 

Филми  ҳуҷҷатии  «Хиёнат»  пардаро  аз  рӯи   чеҳраҳои  нопоки  хиёнаткору  сиёҳдил, бадтинату  разилон,  бардошта, дар  асл  кӣ  будани  онҳоро  ба  ҳамагон  ошкор  сохт.  Макру  ҳила, найрангҳои таи   даҳсолаҳо танидаи  анкабутҳои девсиришт, ки  ба  марги  150 ҳазор   шаҳрвандони  кишвар  оварда расонд,  ба  ҳамагон   маълум  гардида,  хиёнатҳои  ба Ватан кардаи  онҳо  ҳеҷ гоҳ  бахшида  нахоҳад  шуд.