МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Созандагию бунёдкорӣ мароми мост

7 июли соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ҷаласаи ҷамъбастии  натиҷаҳои рушди иқтисодӣ- иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа  муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис, роҳбарони корхонаю муассисаҳои шаҳр ширкат варзиданд.

 

Раиси шаҳр доир ба рафти иҷрои дурнамои андоз, вусъат додани корҳои ободонию  созандагӣ, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, пардохти саривақтии маошу нафақапулиҳо,  омода намудани муассисаҳои таълимӣ  ба соли нави хониш, омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ ба шахсони масъул дастуру супоришҳо   доданд.