МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Қаҳрамони замони мо

Дар бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ҷамъомади ҳайати шахсии  шуъба доир гардид.

 

Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо рафтори наҷибонаи корманди милиса Анвар Сафаровро дар бораи аз ғарқшавӣ наҷот додани духтар намунаи баланди хизмати содиқона ба касб ва қаҳрамони замони мо арзёбӣ намуда, ӯро бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

 

Сипас сардори шуъба подполковники милиса Саидаҳрор Мирзоев ба самъи ҳозирин фармон дар бораи додани рутбаи ғайринавбатӣ ва 1 адад телевизорро расонд.

 

Сафаров Анвар Маҳмадсобирович рӯзи 8 июли соли 2020 ҳангоми адои хизмат духтараки ғарқшударо аз дарёи Вахш наҷот дода, бо ин амали худ ҷасорату мардонагӣ ва ба касби худ содиқ буданро нишон дод.