МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

Сафари кории Сарвазир ба шаҳри Норак

Имрӯз  9 июли  соли 2020  бо дастури   Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо мақсади  шиносоӣ  бо вазъи  корҳои  ободонию  созандагӣ  дар  доираи  нақшаи  чорабиниҳо  бахшида  ба  30-солагии Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарвазири  мамлакат  Қоҳир  Расулзода  ба  шаҳри Норак  ташриф овард.

 

Ҳайати  гурӯҳи корӣ аз рафти тадбиқи  лоиҳаи  таҷдиди  НБО-и Норак, сохтмони  бинои  баландошёнаи  истиқоматӣ  бо ҷойгир намудани      нуқтаҳои  савдо  дар  ошёнаи  якум,  сохтмони  варзишгоҳи  марказии  шаҳр, бинои  маъмурии бахши   САҲШ  шинос  шуда,  дар намоиши  дастранҷи  кишоварзони  Норакшаҳр  иштирок намуд.

 

Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо  аз рафти иҷрои  нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори  30- солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, изҳор намуданд, ки то охири сол боз  48  иншоотҳои  гуногуни хоҷагии  халқ ба истифода дода хоҳад шуд

 

Дар ин сафар  Сарвазирро  раиси  вилояти Хатлон  Қурбон  Ҳакимзода  ва роҳбарони  як қатор  идораҳои  ҷумҳуриявӣ  ҳамроҳӣ намуданд.